"Музокирот барои пайвастани Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой идома дорад ва барои тасмими ниҳоӣ розигии 8 узви ин созмон зарур аст".
Ин нуктаро Рашид Олимов, дабири Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, рӯзи 20-уми июн дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт. Вай гуфт, "чунин муқаррарот на танҳо ба Эрон, балки ба ҳамаи кишварҳои хоҳишманди узвият дар ин созмон рабт дорад".
Олимов афзуд, "Эрон дар ниҳоят ба узвияти СҲШ пазируфта мешавад, вале каме фурсат ва розигии ҳамаи кишварҳои узви созмон зарур аст. Бубинед, Афғонистон тӯли 12 сол ба унвони шарик ва нозир дар ин созмон ҳузур дошт ва ҳоло мавзӯи узвияташ матраҳ шуд. Феълан Озарбойҷон ва Арманистону Беларус низ дархости узвият ба созмонро додаанд. Аммо ин кишварҳо низ танҳо дар сурати розигии кишварҳои узв ба СҲШ пазируфта мешаванд. Боз ҳам мегӯям, ки Эрон дар ниҳоят ба узвияти СҲШ пазируфта хоҳад шуд."
Эрону Муғулистон ҳоло мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро доранд. Ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Чин, Русияву Қазоқистон ва Покистону Ҳинд шомиланд.