Дар Туркманистон "чойпулӣ"-и нозирони роҳ се баробар зиёд шуд

Манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар дохили Туркманистон мегӯянд, нозирони роҳи ин кишвар ҳаҷми "пора" ё "доля"-еро, ки дар шоҳроҳҳои Ишқобод-Дашоғуз ва Ишқобод-Марӣ-Лебап аз ронандагон меситонанд, се баробар боло бурданд.

"Нозирон дар роҳҳо бо радар истода, ронандаҳоеро, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунанд, боз медоранд. Агар ронандаҳо 40 манат (беш аз 10 доллар) надиҳанд, зиддашон санад тартиб дода мешавад", - гуфт як манбаи радио рӯзи 15 июн.

Ба гуфтаи ӯ, ду моҳ пеш раҳбонон барои қоидавайронкунии мазкур 10 манат талаб мекарданд.

Нозирони роҳи Туркманистон дар ҳоле "чойпулӣ"-и худро баланд карданд, ки ахиран қурби доллари амрикоӣ дар "бозори сиёҳ"-и ин кишвар то ба 30 манат боло рафт. Дар натиҷа нархи маҳсулоти ғизоӣ низ гарон шуда, ҳангоми хариди баъзе аз анвои хӯрокворӣ навбатпоӣ ба миён омад.

Ронандагон аз вилоятҳои Лебап ва Марии Туркманистон мегӯянд, нозирони роҳ аз онҳо бидуни нақзи қоидаҳои ҳаракат низ пул меситонанд.

"Аз Ишқобод то Лебап ҳудуди 10 пост аст. Бар пояи қоидаҳои нонавишта, ҳангоми гузаштан аз ин постҳо бояд акнун ҳар як ронанда 10 манат диҳад. То ҳол 5 манат медоданд", - гуфт як ронандаи 45-сола аз Лебап.