Сӯхтор дар як бинои чорошёна дар "Водонасос"

Баъд аз зӯҳри сешанбеи 19-уми июн як бинои чаҳорошёна дар наздикиҳои чорроҳаи маҳаллаи маъруфи "Водонасос", оташ гирифт. Ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса, дар ин бино асосан дафтарҳои кории шуморе аз ширкат ва муассисаҳо, ҷойгир ҳастанд.

Аз ҷумла дар ошёнаи якуми ин бино дорухона, маркази ултрасадо, мағозаи фурӯши тӯҳфаҳо, мағозаи хӯрокворӣ ва филиали "Амонатбонк" фаъолият мекунанд. Оташ аз ҳама бештар ба ошёнаи чаҳоруми ин бино осеб расонидааст.

Пас аз ним соати оташсӯзӣ, ҳоло он ба таври комил хомӯш карда шудааст. Ҷараёни хомӯш кардани оташсӯзӣ дар ин бинои чаҳорошёнаро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода назорат кардааст. То ба ҳол сабабҳои ҳодиса маълум нест ва зарари ворида ҳам то ба ҳол ҳисоб карда нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ин бино ба як соҳибкори эронӣ бо номи Ҳасани Ормонпур тааллуқ дорад ва қарор буд пас аз бунёдаш, дар инҷо як клиникаи тиббӣ ба фаъолият оғоз мекард. Аммо пас аз он, ки иҷозаи фаъолият дарёфт накард, утоқҳои онро ба ширкату муассисаҳоба иҷора дод. Ин соҳибкори эронӣ феълан дар Душанбе ҳузур надорад.

Тайи як моҳи ахир шаҳри Душанбе шоҳиди чанд сӯхтори бузурги дигар низ буд. Дар ин муддат дар бозори "Султони Кабир", корхонаи дӯзандагии "Суман", каҳвахонаи маъруфи "Мерве" ва дар маҳаллаи маъруф ба Комбинати гушт (Мясокомбинат) сӯхторҳо ба амал омад, ки зиёни умумии он ба садҳо ҳазор сомонӣ мерасад.