Пулиси Қазоқистон фаъолонро огоҳ кард, ки "шомили ҳаракати ИДҚ" нашаванд

Мақсат Айсаутов, як фаъоли Қазоқистонро ба идораи пулис даъват ва огоҳ карданд, ки "ба ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон" шомил нашавад".

Айсаутов гуфт, ба ӯ хабар доданд, ки дар сурати нодида гирифтани ин огоҳӣ, муҷозот хоҳад шуд.

Албек Ерғозиев, як фаъоли дигари қазоқ низ чунин огоҳӣ гирифтааст. Фаъолони дигар ҳам аз даъват шудан ба идораҳои пулис хабар доданд.

Ҷонибдорони ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон" ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват доранд, ки ба иқдомҳои эътирозӣ пайванданд. Ҳаракати "Интихоботи демократии Қазоқистон"-ро Мухтор Аблязов - бонкдори пешини қазоқ таъсис додааст.

Ин ҳаракатро додгоҳе дар шаҳри Остона 13 марти соли ҷорӣ экстремистӣ эълон ва фаъолияташро дар Қазоқистон манъ кард.