Дар Душанбе се рӯз роҳбандӣ мешавад

Ҳаракат дар роҳҳои мошингарди маркази шаҳри Душанбе барои 3 рӯз маҳдуд мешавад. Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин амр ба манзури пешвозу гусел ва баргузории ҳамоиши байналмиллалии об дар шаҳри Душанбе рӯи даст гирифта мешавад. Қарор аст дар ин ҳамоиш раҳбарони кишвару ҳукуматҳои Покистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ҷибутӣ ширкат кунанд. Ҳамчунин вазирони ҳукуматҳои даҳҳо кишвари дигар ва намояндаҳои беш аз 40 созмони байналмиллалӣ дар кори ин ҳамоиш ширкат хоҳанд дошт.

Раиси ҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн баъд аз зуҳри 18-уми июн вориди Душанбе шуд ва қарор аст имрӯз маросими расмии пешвози раҳбари Покистон дар "Қасри Миллат" баргузор шавад. Мулоқоти Мамнун Ҳусейн бо нахуствазир ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ имрӯз дар барномаи кории сафараш будааст. Бад ин манзур ҳаракати нақлиёт аз бӯстонсарои ҳукуматӣ то "Қасри Миллат" ва сипас то меҳмонхонҳову "Наврӯзгоҳ" ва то се рӯзи дигар дар ҷодаи самти "Пуғус" ва Такоб дар канори шаҳри Душанбе, маҳдуд карда мешавад.