Боздошти як вакили дифоъ дар вилояти Суғд

Шаҳло Сатторова, як вакили дифоъ дар вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, Шаҳло Сатторова аз як шаҳрванд барои бетағйир мондани ҳукми додгоҳ 1200 доллар маблағ гирифтааст. Як мақом дар раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳло Сатторова барои бетағйир мондани ҳукми додгоҳ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ аз як шаҳрванд маблағ талаб кардааст.

"Шаҳло Сатторова бо роҳи фиреб ва бо истифода аз мақоми хидматӣ ба боварии шаҳрванд А даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан барои бетағйир мондани таиноти судии Суди шаҳри Истаравшан оиди бекор кардани ақди никоҳаш 1200 доллари амрикои талаб намудааст",-афзуд манбаъ.

Дар Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, Сатторова дар Коллегияи адвокатҳои дифои шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард. Алайҳи ин вакили дифоъ бо қисми сеюми моддаи 247 ё қаллобӣ дар ҳаҷми калон парванда боз шуда, дар сурати исботи ҷурм ӯро аз 2 то 5 соли зиндон интизор аст. Аммо феълан маълум нест, ки худи Шаҳло Сатторова дар ин бора чӣ назар дорад. Талошҳои мо барои пайдо кардани ӯ бенатиҷа буд.

Шаҳло Сатторова ягона вакили дифоъ нест, ки аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт мешавад. Қаблан низ чандин вакилони дифоъ аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов ва дигарон бо иттиҳомҳои гуногун боздошт шуда буданд.