Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонӣ ва воизи маъруф, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст, дар як навори видеоӣ Эронро ба ҳимоят аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ муттаҳам кард. Навор шоми 18-уми июн бо номи "Решаҳои ноаён" аз тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд.
Макон ва санаи сабти видео маълум нест. Ҳамчунин тасдиқи дурустии ҳарфҳои рӯҳонии зиндонӣ дар ҳоли ҳозир имконпазир намебошад.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз моҳи ноябри соли 2017 дар боздошт аст ва моҳи майи имсол ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ӯ баъди чаҳор рӯзи дар ҳолати кома ё беҳушӣ будан, ба худ омадааст ва зери назорати пизишкон аст.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар навори видеоӣ дар маҷмуъ дар бораи ҳадафҳои таъсиси ҳизби наҳзат, созиши сулҳ, ҷанг дар Тоҷикистон, пули Эрону таблиғи шиагароӣ ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 суҳбат кардааст. Вай аз ҷумла гуфт, дар як ҷаласае тасмим гирифта шуда буд, ки бояд то соли 2015 ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар ҳизби ҳоким шавад.
Ӯ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро “хиёнаткору зараровар” номид ва гуфт, “бояд ин ҳарфҳоро дигарон ҳам донанд”. Саид Қиёмиддини Ғозӣ афзуд, ки Эрон мехоҳад ҲНИТ-ро дубора зинда кунад. “Хоҷаҳои ҲНИТ талош доштанд як табадулотро дар интихоботи соли 2020 роҳандозб кунанд”, - гуфт Саид Қиёмиддини Ғозӣ.
Ӯ аз сокинон хост, хатои кардаашро такрор накунанд ва аз мардум узр пурсид.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.
Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.
Дар тахминан 15 соли охир ӯ бештар дар хориҷи Тоҷикистон, эҳтимолан дар Русияву Эрон зиста, гардонандаи як вебсайт ба забони тоҷикӣ ҳам буд, ки дар масоили динӣ матолиб нашр мекард. Ба иттилои дигар, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорате ҳам роҳандозӣ карда буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи имсол Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохтааст.
Ҳанӯз маълум нест, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не.
Аммо пеш аз он, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳузури руҳониён Саид Қиёмиддини Ғозиро «ба ном генерал» ва «яке аз сабабгори бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум» ном бурд. Ӯ гуфт, «ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст».
Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.