Дар Ишқобод даҳҳо нафар бо иттиҳоми "саррофии ғайриқонунӣ" боздошт шуданд

Дар шаҳри Ишқобод бо гумони хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ чанд тан аз соҳибкорон, кормандони бонк ва Хадамоти амнияти миллии Туркманистонро боздошт карданд. Дар ин бора рӯзи 17 июн як манбаи наздик ба сохторҳои қудратии Туркманистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

"Беш аз 10 соҳибкор ва 20 корманди бонк дастгир шуданд. Вижагии боздоштҳои ахир дар он аст, ки ин бор зоҳиран ҳатто кормандони амниятӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар миёни дастгиршудаҳо сардори раёсатҳои Бонки миллӣ, Вазорати иқтисод ва сардори шуъбаи парвонаи соҳибкорӣ низ ҳастанд", - изҳор дошт манбаъ.

Талошҳо барои дарёфти тасдиқи расмии ин хабар бенатиҷа буданд. Вале хабари боздошти кормандони бонку маъмурони амниятӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки вазири амнияти Туркманистон ахиран барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми интихоби кадрҳо" аз мақом барканор шуд.

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Туркманистон ба ниҳодҳои қудратии кишвараш баҳои манфӣ дода, раҳбари чанде аз онҳоро иваз кард.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 14 июн гуфт, табодули асъор дар "бозори сиёҳ" рӯзҳои охир мушкил шудааст.

"Тақрибан аз 11 июн хариду фурӯши долларро қатъ кардаанд. Сокинон мегӯянд, онҳоеро боздошт карданд, ки бо хариду фурӯши доллари зиёд машғул буданд. Ҳамчунин сару садоҳо ҳаст, ки кормандони амниятӣ бо либоси мулкӣ дар бозорҳо мегарданд", - афзуд хабарнигор.