Намояндаи ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Ванҷ-40, пирӯз шудааст. Аз ҳукумати ноҳияи Ванҷ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ин интихобот, ки рӯзи 18-уми июн баргузор шуд, Нуралӣ Риёев, муовини аввали раиси вилояти Бадахшони Кӯҳӣ бо касби 98,7 дарсади орои интихобкунандаҳо пирӯзии комилро ба даст овардааст.
Интихобот дар ин ҳавза барои курсии вакили фавтидаи Муҳаббатшоҳ Рӯзадор баргузор шуд. Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аз дунё даргузашт. Қаблан хабар дода шуд, ки ҳеҷ як ҳизби дигари сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои мардум барои ширкат дар ин интихобот номзадеро муаррифӣ накарданд.
Ба ин далел, интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Ванҷ-40 бидуни рақобат ва бо ширкати танҳо номзади Ҳизби ҳокими халқи-демократи Тоҷикистон баргузор шуд. Зимнан, ҲХДТ аксарияти курсиҳо дар Маҷлиси намояндагон ва ҳама курсиҳо дар Маҷлиси Миллиро ба худ ихтисос додааст.