Дар як садамаи қатор ё поезд дар Қазоқистон як нафар ҷон бохта, ба камияш се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин қатор аз Алмаато ба тарафи Остона мерафт.
Ҳодиса рӯзи 17-уми июн дар ҳудуди вилояти Ҷамбул рух дод. Мақомот гуфтанд, ки барои таҳқиқи ҳодиса як кумисюни вижа таъсис шудааст.
Руслан Имонқулов, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, “дар ин ҳодиса чаҳор нафар осеб диданд. Як нафари онҳо даргузашт. Ҳувияташон дақиқ карда мешавад”.
Додситонии кулли Қазоқистон шоми 17-уми июн дар як иттилоия гуфт, дар натиҷаи садама як навраси дувоздаҳсола фавтидааст. Дар ин иттилоия гуфта мешавад, 11 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Ширкати Роҳи оҳани Қазоқистон гуфт, ин поезди иборат аз 20 вагон 829 мусофир дошт. Ин ширкат гуфт, ҳамаи мусофирон тариқи поезди дигар ба истгоҳи Шу бурда шудаанд. “Ба онҳо хадамоти зарурии тиббӣ ва кумаки равонӣ расонда хоҳад шуд”, - гуфтанд дар ширкати Роҳи оҳани Қазоқистон.
Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба қавли мақомот гуфтанд, ки поезд аз хатти роҳи оҳан берун шудааст.