Трамп гуфт, буҳрони барномаи ҳастаии Пхенянро ҳал кард

Доналд Трамп ва Ким Чен Ун

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп иддао кард, ки пас аз мулоқоти таърихӣ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун буҳрони барномаи ҳастаии Пхенянро ҳал кардааст.

Доналд Трамп рӯзи 15-уми июн дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “Барак Обама гуфта буд, барномаи силоҳи атомии Куриёи Шимолӣ бузургтарин хатарест, ки Иёлоти Муттаҳида ба он рӯ ба рӯ мебошад”.

Ӯ гуфт, “ман он мушкилро ҳал кардам. Он мушкил ба таври комил ҳал шуд.”

Президент Трамп рӯзи 12-уми июни имсол дар Сингапур бо Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кард. Раҳбарони ҳарду кишвар пас аз инки ба халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазири Куриё тавофуқ карданд, оғози як таърихи навро байни ду кишвар ваъда доданд.

Доналд Трамп ҳамчунон гуфт, шумораи телефони мустақими худро ба Ким Чен Ун додааст, то бо ӯ тамос бигирад.