ВКД Ғафур-бойбача ва ҳамсарашро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод

Ғафур Раҳимов

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон Ғафур Раҳимов (Ғафур-бойбача), тоҷири маъруф ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Анҷумани байналмилалии бокс ва ҳамсараш Лола Раҳимоваро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, Раҳимови 76-сола бар асоси се моддаи қонуни ҷиноӣ –тамаъҷӯӣ, сохтакорӣ ва қонунӣ гардондани даромадҳое, ки аз роҳи ҷиноӣ ба даст омадааст – муттаҳам аст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, эълони таҳти ҷустуҷӯ будани Ғафур-бойбача ва ҳамсараш Лола Раҳимова ҳафтаи гузашта дар вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ нашр шудааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ҳозир нашуданд, сабабҳои таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтани Ғафур Раҳимовро шарҳ диҳанд.

Ғафур Раҳимов, ки дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон ном бурда мешуд, охири соли гузашта ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико низ ворид шуд. Вазорати молияи Амрико дар гузориши худ Ғафур-бойбача ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришва ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор кард.

Чаҳор соли қабл нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти Хадамоти махсуси Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбекистонро зери назорат дошт.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол ҳазф шуд. Вай соли 2010 аз Узбекистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.