Путин аз ғояти шодӣ баъди пирӯзии тими Русия дар нахустин сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол валиаҳли Арабистони Саудиро ба оғӯш гирифт.
Хабаргузории Интерфакс менависад, ки баъди пирӯзии тими мунтахаби Русия бар Арабистони Саудӣ дар нахустин бозии Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2018 президенти Русия Владимир Путин аввал дасти Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро фишурд ва баъдан ӯро ба оғӯш гирифт. Русия дар ин бозӣ Саудиро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Путин, ки дар майдони Лужники бозиро тамошо мекард, “баъди ҳар голи задашуда хурсандӣ мекард”, менависад оҷонсӣ. “Чеҳраи валиаҳди Саудӣ ба фарқ аз Путин шод набуд”, қайд мекунад хабаргузорӣ. Баъди оғӯш кашидани Муҳаммад Бин Салмон, Путин ҳамроҳи ӯ майдонро тарк кард.