Котиби давлатии ИМА гуфт, то замоне, ки Кореяи Шимолӣ ба марҳилае нарасад, ки комилан орӣ аз силоҳи ҳастаӣ бошад, ҳеҷ сӯҳбате дар заминаи бекор кардани таҳримҳо буда наметавонад. Майк Помпео рӯзи 14 июн ин нуктаро дар Сеул баён кард, ки он ҷо бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷе Ин дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Ин мулоқот ду рӯз баъди музокироти таърихии раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Сингапур барпо шуд. Дар нишасти хабарие, ки Помпео бо вазирони хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дошт, гуфт, Кореяи Шимолӣ зарурати суръат бахшидани ҷараёни дасткашӣ аз силоҳи ҳастаиро дарк мекунад ва ин ҷараён бар пояи “шарту шурут” бунёд мешавад.
Доналд Трамп ва Ким Чен Ун изҳороти муштараке имзо карданд, ки ӯҳдадориҳои Кореяи Шимолиро дар масъалаи даст кашидан аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ таъкид мекунад. Дар паи ин нишаст тавофуқ шуд, ки ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ баргузории машқҳои муштараки низомиро хотима медиҳанд.