Дар Тошканд сардори мақомоти андозро ҳабс карданд

Музаффар Пардаев, роҳбари раёсати андози шаҳри Тошканди Узбекистон ҳабс шуд. Гуфта мешавад, Пардаев даҳ рӯзи охир дар Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора рӯзи 14 июн бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯро 4 июн боздошт ва ҳабс карданд. Пардаев аз соли 2015 ба ин тараф раёсати андози шаҳри Тошкандро роҳбарӣ мекард.

"Андозҳои ҷамъшударо дар буҷаи шаҳр тафтиш ва камбудии зиёдро ошкор карданд", - хабар доданд манбаъҳо.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як ҷаласа рӯзи 5 июн фаъолияти раёсати андози шаҳри Тошкандро танқид карда буд.

"Андозҳои ҷамъоваришуда аз бозорҳои шаҳр ба буҷа намерафтанд, балки ба ҷайби мансабдорон мерехтанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки дар бозори "Чилонзор" 791 тоҷир бе пардохтани андоз фаъолият мекарданд. Миллиардоҳо сӯм ба ҷайби мансабдорон рафтааст", - гуфт Мирзиёев.