Додгоҳе дар Душанбе ронандаеро, ки сабаби марги як афсари милиса шуд, барои 4 сол равонаи зиндон кард. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе се ҳафта пеш Отахон Ашӯров, сокини 25-солаи Душанберо бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "барои аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани инсон", ба 4 соли зиндон маҳкум кард.
Садамаи маргбор бо ширкати ин ронанда, шаби 15-уми январ рух дод. Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки афсари милиса Камолиддин Ҳукуматзодаи 33-сола шаби 15-уми январ ҳангоми анҷоми вазифа дар кӯчаи Ҷаббор Расулов дар пайи боз доштани мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки ба Отабек Ашурови 25-сола сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, сархуш будааст, ба ҳалокат расонидааст. Он шаб нозирони БДА дар назди пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе як худрави "Опел-Астра"-ро хостанд мутаваққиф созанд.
"Вале ронанда Отабек Ашӯров ном ҷавони 25-сола, аз амри кормандони милиса сарпечӣ карда ва мошинро ба сӯи Камолиддин Ҳукуматзода рондааст. Ин афсари 33-сола аз захмҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст"-гуфта мешавад дар қарори додгоҳ.
Отабек Ашуров дар мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, гуфтааст, ки дар он лаҳза ҳодисаро пешгирӣ карда натавониста, корманди БДА-ро бо мошинаш зада, аз пой афтонд. Тафтишу санҷишҳои қабл аз додгоҳӣ муайян кардааст, ки Отабек Ашӯров маводи нашъаовар истеъмол мекардааст. Отабек Ашуров ҳамчунин аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муддати се сол маҳрум шудааст.
Зимнан, тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед. Бархе ронандаҳо, ки аз ин рафтори нозирони роҳ асабӣ мешаванд, гоҳҳо мошинро ба рӯи кормандони БДА меронанд.
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 52 тан ҷони худро аз даст дода, 171 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин муддат дар маҷмӯъ 430 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ, садамаҳои нақлиётӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 камтар буда, фавтидагон низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ як баробар кам будааст. Арзёбиҳои БДА нишон додаанд, бештари садамаҳои роҳу нақлиёт бо айби пиёдагардон сар мезанад, ки дар бештари маврид роҳро аз қитъаҳои мамнуъ убур мекунанд.
Инчунин, баланд кардани суръати мошинҳо, баромадан ба самти муқобили роҳ, "манёвр"-и нодуруст аз омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ гуфта мешаванд.