Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон тобеи дафтари президент шуд

Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба тобеияти дафтари раёсати ҷумҳурии кишвар гузашт. Рӯзи 13-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар ин бораро пазируфтанд. Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки тағйирот ба қонуни амнияти кишвар ба манзури "такими низоми амниятӣ" анҷом дода мешавад. Вай афзуд, ки қаблан Шӯрои амнияти Тоҷикистон як сохтори мустақил дониста мешуд ва ҳамакнун ба тобеияти дастгоҳи раиси ҷумҳури кишвар гузаронида мешавад.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тавзеҳ дод, ки ба тобеияти дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ на худи Шӯрои амният, балкӣ дастгоҳи кории он мегузарад. "Ин иқдом хуб аст, зеро будҷаи Шӯрои амният бо дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ як аст ва барои таъмини шароити корӣ муфид мешавад. Дар бархе аз кишварҳо назири Русия ва Узбекистон дафтари Шӯрои амният ба тобеияти дастгоҳи раиси ҷумҳур интиқол ёфтааст. Танҳо, дар Қазоқистон ахиран, баръакс, Шӯрои амният аз тобеияти раёсати ҷумҳурӣ берун карда шуд", - афзуд Абдураҳим Қаҳҳоров.