Сокинони деҳаҳои наздимарзии Мақсади Қирғизистон ва Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон гирди як дастархони ифтор ҷамъ омада, аз таҳкими дӯстиву ҳамсоядорӣ сӯҳбат кардаанд.
Сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача рӯзи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даъват ба ифтор аз сӯи қирғизҳо сурат гирифт ва онҳо даҳ кӯҳансол ва фаъолро ба ин маҳфил фиристоданд. "Аз идомаи дӯстиву такрор нашудани муноқишаҳо сӯҳбат кардем. Ифтор хуш гузашт", - афзуд яке аз иштирокдорони ифтори якҷоя.
Ҷилавгирӣ аз вуқӯи низоъҳои марзиро Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков дар Чин баррасӣ кард.
Ба қавли мусоҳиби мо, дар ифтор ҳудуди 40 сокини калонсол аз маҳаллаҳои ҷамоати ҳамсояи Қулундии ноҳияи Лайлак, ки Мақсад яке аз деҳаҳои он аст, иштирок кардаанд. Мақомоти вилояти Бодканд гуфтаанд, ин ифтори дастҷамъии деҳаҳои ҳамсояи тоҷику қирғиз, бо ибтикори ҷониби Қирғизистон доир шуд.
Рӯзи 4-уми июни имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони маҳаллӣ ва сарҳадбонҳо низоъ ба вуқӯъ омад. Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки низоъ пас аз он сар зад, ки сокинони Қирғизистон дар варзишгоҳе фурӯшгоҳи меваю сабзавот таъсис доданд. Марзбонҳои тоҷик ба ин монеъ шуда, хостаанд, онҳоро аз он ҷо берун кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба дунбол, гурӯҳи низомиёни қирғиз ва ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ҳудуди 20 нафар ҳозир шуда, 3 сарбозу афсари тоҷикро боздошт карданд ва онҳоро бо чаҳор автомати "Калашников" бо худ бурданд. Марзбонони тоҷик пас аз мудохилаи мақомоти баландпояи марзбонӣ аз боздошт раҳо шуданд. Зимни ин муноқиша аз аслиҳа низ истифода шуда, сарҳадбонҳо ба ҳаво оташ кушодаанд.
Пас аз ду рӯзи ин низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, 6-уми июн, мақомоти баландпояи марзбонии ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ карданд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷонибҳо созиш карданд, ки аз ин ба баъд дар муноқишаҳои марзӣ, ба ҷуз аз ҳолатҳои таҳдиди воқеӣ ба саломатӣ ва ҷони марзбонҳову низомиён аз аслиҳа кор набаранд.
Ҷилавгирӣ аз вуқӯи низоъҳои марзиро Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте бо ҳамтои қирғизаш -Сооронбой Жеенбеков рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Чиндаои Чин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Сооронбой Жээнбеков “вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.”
Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, “Барои ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад, ба имзо расад."