Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол даъват шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 13-уми июн гуфт, дар миёни раҳбарони давлатҳое, ки ба маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол даъват шудаанд, исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаст. Ин маросим рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.

Песков, ки дар Маскав ба саволи хабарнигорон дар мавзӯи меҳмонҳои баландпояи даъватшуда ба Ҷоми ҷаҳонии футбол посух медод, гуфт, Маскав ҳузури президенти Амрико Доналд Трамп дар ин бозиҳоро “хуш мепазирад”.

Ӯ гуфт, “Доналд Трамп ва дигар раҳбарони кишварҳо дар Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки дар Русия баргузор хоҳад шуд, хуш омаданд”. Вале аз посухи Песков маълум нашуд, ки то куҷо Трамп воқеан ҳам даъвати иштирокро пазируфтааст ё на.

Ба гуфтаи сухангӯи Кремлин, ба расми ифтитоҳи бозиҳо раҳбарони кишварҳои ҳамкори Русия, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин, инчунин нахуствазири Лубнон, президентони Панама, Парагвай, шоҳзодаи Саудӣ ва дигарон даъват шудаанд. Ӯ гуфт, ин меҳмонҳоро Владимир Путин ва ҳам раҳбари Федератсияи байналмилалии футбол Ҷаннӣ Инфантино пешвоз хоҳанд гирифт.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия аз 14-уми июн то 15-уми июл баргузор мешавад.