Сокинони деҳаи Мақсади Қирғизистон ҳамсояҳои тоҷикро ба ифтор даъват карданд

12 июн, ифтори дӯстона дар деҳаи Мақсад бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон

Дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон шоми 12 июн ифтори муштарак бо сокинони деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ифтор наздики 100 сокини маҳаллӣ ширкат кард.

Ифторро сокинони Қирғизистон ташкил карданд.

Дар деҳаи Мақсади Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон рӯзи 4 июн миёни марзбонон бо иштироки сокинон низоъ бархост. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, шаҳрвандони Қирғизистон дар қитъаи "Майдони футбол" ба мевафурӯшӣ машғул шудаанд. Марзбонони тоҷик савдогаронро аз майдон берун карданд. Замоне, ки марзбонони қирғиз ба ҷои ҳодиса омаданд, миёни низомиён низоъ бархост. Дар натиҷа се марзбони тоҷик бо чаҳор силоҳи Калашников боздошт шуданд.

Дар пай раҳбарони нирӯҳои марзбонии ду кишвар дидору гуфтугӯ карда ба мувофиқа расиданд, ки ҳеҷ гоҳ аз силоҳ истифода намекунанд ва баробари сар задани ихтилофе мақомоти ду кишварро даъват мекунанд.

Баҳс сари дастрасӣ ба замину об яке аз сабабҳои аслии сар задани муноқишаҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсии сарҳади ду кишвар мешавад.