Эътирози инфиродӣ аз боздошти блогери қазоқ дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз фаъоли мадании маҳаллӣ ба ҷонибдорӣ аз блогери қазоқ Муратбек Тунгишбоев, ки бо дархости Остона дар Қирғизистон боздошт шудааст, эътирози инфиродӣ баргузор кард.

Фаъоли маданӣ Ондуруш Токтонасиров 12 июн дар назди бинои Додгоҳи олии Қирғизистон лавҳаеро дар даст дошт, ки дар он бо забони қирғизӣ "М.Тунгишбоев ҳеч гоҳ истордод нахоҳад шуд. Иҷозат намедиҳем!" навишта шуда буд.

Токтонасиров гуфт, аз мақомоти Қирғизистон даъват мекунад, ки ба Тунгишбоев паноҳандагии сиёсӣ дода, ӯро ба Қазоқистон истирдод накунанд. Пештар Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон Кубат Оторбоев аз додситонии кулли ин кишвар даъват кард, ки блогери қазоқро ба ватанаш насупорад.

Мақомоти махсуси Қирғизистон 10 май Тунгишбоевро дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Гуфта мешавад, ин фаъоли қазоқ аз соли 2014 ба ин тараф дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ мекард. Баъдтар хабар дода шуд, ки боздошти Тунгишбоев бо дархости ҷониби Қазоқистон сурат гирифтааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Муродбек Тунгишбоевро ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 21 май нақшаи истирдоди ин фаъоли сиёсиро ба Қазоқистон тасдиқ кард. Тунгишбоевро дар Қазоқистон ба "сармоягузории гуруҳи ҷиноятӣ", "ташкил ва ширкат дар созмони ҷиноӣ" айбдор мекунанд. Гап дар бораи эҳтимоли ҳамкории Тунгишбоев бо ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" меравад, ки аз сӯи мухолифи сиёсии қазоқ Мухтор Аблязов таъсис ёфтааст.