Амниятиҳои Тоҷикистону Узбекистон созишнома имзо мекунанд

Ҳайати амниятии Узбекистон бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Душанбе мулоқот мекунад. Хабаргузории давлатии "Ховар" 12-уми июн навиштааст, ки "субҳи имрӯз ҳайати меҳмонони Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии раиси Хадамот Ихтиёр Абдуллоев бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе гардид".

Манбаъ афзудааст, меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Кумита Саймумин Ятимов пешвоз гирифтааст.

"Дар назар аст гуфтушунидҳои роҳбарони хадамоти махсуси ҳарду мамлакати дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Узбекистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо шавад", - навиштааст хабаргузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, қарор аст ҳайати амниятии Узбекистон ҳамчунин ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сафар карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос мешаванд.

Тибқи иттилои манобеи амниятӣ, ҳайати амниятии Узбекистон имрӯз зимни боздид аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз раванди сохтмони туннелҳои обгузари ин иншоот ошно шуда, сипас дар он ҷо бо ширкати ҳунармандони санъати ду кишвар барои сохтмончиён барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

Дар қарордоди ҳамкории миёни КДАМ ва ХАУ роҳҳои ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зикр шуда, шоми имрӯз дар бӯстонсарои "Пуғус", дар ноҳияи Варзоб барномаи ҳунарӣ намоиш дода мешавад.