Чор ҳамлаи мудҳиш дар Афғонистон дар як рӯз

Дар Афғонистон дар паи чанд ҳамлад ар як рӯз, аз ҷумла, як ҳамлаи маргталабе дар Кобул, дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти Ғазнӣ ва ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда дар вилоятҳои Нангарҳор ва Кундуз рӯзи 11 июн, ба қавли мақомот, 33 нафар кушта шуданд.

Дар Кобул ҳамлагаре дар беруни вазорати эҳё ва рушди деҳот худро инфиҷор кард ва сабаби марги 12 нафар шуд. Беш аз 30 тан маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт ва дар ин бора оҷонсии AMAQ хабар дод.

Дар вилояти шимолии Қундуз дар таркише, ки рӯзи 11 июн Толибон анҷом доданд, 15 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд. Дар таркиши минибусе дар сари роҳи вилояти Ғазнӣ шаш нафар, аз ҷумла як корманди давлатӣ кушта шуданд.