Раёсати давраии ШОС аз Чин ба Қирғизистон гузашт

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷээнбеков

Қирғизистон раёсати давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС)-ро дар тӯли солҳои 2018-2019 бар уҳда гирифт. Ин тасмим рӯзи 10-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон дар минтақаи Тсиндои Чин эълон шуд.

Дар ин нишаст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт, дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид.

Дар нишасти Тсиндао бори аввал Ҳинду Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ШОС – блоки сиёсиву иқтисодии зери назари Чин ва Русия – иштирок карданд.

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи даҳуми июн дар маросими ифтитоҳи нишаст ҳузури президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва нахуствзаири Ҳинд Нарендра Модиро “дорои аҳамияти бузурги таърихӣ” номид. “Шумораи ҳарчи бештари кишварҳои узв баёнгари нирӯи бузурги созмон аст”, - гуфт Ҷинпин.

Ҳинду Покистон соли гузашта ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шуда, сафи аъзои онро ба ҳашт расонданд. Дар баробари Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Узкбекистон шомили созмонанд.

Дар ҳоли ҳозир Эрону Афғонистон, Беларус ва Муғулистон кишварҳои нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд.