"Евровидения-2019"-ро намехоҳанд дар Байтулмуқаддас баргузор кунанд

Созмондиҳандагони "Евровидения" намехоҳанд, даври навбатии озмунро дар шаҳри Байтулмуқаддас баргузор кунанд. Дар ин бора нашрияи исроилии"Хааретс" иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаи нашрия, дар Иттиҳоди нашаротии Аврупо (ИНА) метарсанд, ки баргузории озмун дар минтақаи баҳсӣ тобиши сиёсӣ хоҳад гирифт.

Фаластиниҳо талаб доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти давлати ояндаи онҳо эълом карда шавад. Вале Исроил мегӯяд, Байтулмуқаддас пойтахти он аст. Иттиҳодияи Аврупо борҳо гуфтааст, ки барои ҳалли низои фаластиниҳову исроилиҳо Байтулмуқаддас бояд пойтахти ҳар ду кишвар эълом шавад.

ИМА 14 май сафорати худро дар Байтулмуқаддас боз кард. Ин маънои онро дорад, ки Вашингтон пойтахти Исроил будани Байтулмуқаддасро эътироф мекунад. Тасмими президент Доналд Трамп барои кӯчонидани сафорати ИМА аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас фаластиниҳо ва раҳбарони як қатор кишварҳои ҷаҳонро ба хашм овард.

Исроил ҳаққи мизбонии "Евровидения-2019"-ро баъд аз он ба даст овард, ки сароянда Нетта моҳи май дар ин озмун дар Лиссабон баранда эълом шуд. Нахуствазири Исроил Бинёмин Натаняҳу баъд аз эълони натиҷаҳои озмун гуфт, даври навбатии он дар Байтулмуқаддас баргузор хоҳад шуд.