Корманди собиқи Додгоҳ дар қатли ҳамсараш гумонбар шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Бобоҷон Ширинови 33-сола, котиби пешини Додгоҳи олии иқтисодиро бо гумони қатли ҳамсари собиқаш ҷустуҷӯ мекунад. Мақомот мегӯянд, ин мард ба он гумонбар аст, ки шоми 6-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт Моҳира Ятимоваи 33-сола, ҳамсари собиқи худро бо ёздаҳ зарби корд куштааст.

Бобоҷон Ширинов, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуда буд.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷуфт ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуда, додгоҳ тарбияи се кӯдакро ба мард дода буд.

"Онҳо барои кӯдакон ва амвол баҳси тӯлонии додгоҳӣ доштанд. Ҳамон бегоҳ Моҳира Ятимова барои дидорбинии кӯдаконаш меояд. Сӯҳбати онҳо ба ҷанг мепечад ва Бобоҷон Ширинов ба ӯ бо корд ҳамла намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - гуфт манбаъ.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳоло Бобоҷон Шириновро ҷустуҷӯ мекунанд. Мақомот гуфтанд, ки пас аз боздошт далели аслии куштор шарҳ дода мешавад.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова ҳарду ҳамдарс буда, соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд.

Пас аз хатми донишгоҳ бо ҳам издивоҷ карданд, вале тавре тафтишот муайян кардааст, дар давоми ду соли баъди аз ҳам пошидани оила даъвоҳои онҳо тамом намешуд.

Ҳодисаҳои куштори ҳамсарон ва ҳамсарони собиқ бо дасти мардон солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Дар аксари ҳолат мардоне даст ба ин кор мезананд, ки ба гуфтаи мақомот, бекор ва дониши пасти ҳуқуқӣ доранд. Аммо дар ин ҳодиса ҳарду тараф маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд.

Дар давоми панҷ моҳи ахир бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарони собиқ сабт шудааст.

Куштор дар Тоҷикистон маъмулан бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ мешавад. Ин модда муҷозотро аз 8 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.