Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон, дар 78-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздикони Воҳидов ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки ӯ аз бемории қалб ранҷ мекашид ва ҷасадаш 7-уми июн дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд.
Ваҳҳоб Воҳидов моҳи июни 1940 дар оилаи косиб таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст.
Фаъолияти кориаш аз хоҷагии кишоварзии ба номи Ленини Конибодом оғоз мешавад. Сипас, котиби якуми кумитаи комсомол ва вакили шаҳрӣ буд.
Соли 1969 дар кумитаи марказии комсомоли Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ба ҳайси нозири комсомоли ҷумҳурии Беларус кор мекунад. Дертар ба Тоҷикистон бармегардад ва дабири аввали комсомоли вилояти Ленинободи собиқ таъйин мешавад.
Аз соли 1997 барои кор ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват мешавад ва ба ихтиёри ӯ мудири шӯъбаи кишоварзиро мегузоранд. Соли 1986 котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунист интихоб шудааст. Соли 1988 муовини якуми раиси Шӯрои вазирон ва раиси Госагропроми Тоҷикистон таъйин мегардад.
Чанд навбат аз ноҳияҳои Ашту Конибодом вакили мардумии СССР интихоб ва соли 1991 вазири кишоварзӣ буд.