Қарор аст дар нишасти вазирони дифои узви паймони низомии НАТО рӯзи 7 июн ташаббуси ИМА оид ба боло бурдани сатҳи омодагии нирӯҳо ба нигарониҳо аз афзоиши тамоюлҳои Русия ба самти Аврупои Шарқӣ баррасӣ шавад.
Дар ин бора рӯзи 6 июн Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар як нишасти хабарии Брюссел изҳори назар кард. Нишасти Брюссел, ки фардо баргузор мешавад, панҷ ҳафта пештар аз ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин паймон барпо хоҳад шуд. Ташаббуси нав ин аст, ки то соли 2020 НАТО соҳиби 30 баталйон, 30 эскадрон ва 30 киштии ҷангӣ мешавад, ки дар фурсати 30 рӯз ё камтар аз ин омода мешаванд.
Феълан ҳазорҳо нирӯҳои НАТО дар қаламрави кишварҳои соҳили Балтика ва Полша ба унвони нирӯи боздоранда қарор доранд ва ба гуфтаи Столтенберг, ташаббуси нав ҳамоҳангии кори нирӯҳо ва ҳам вокуниши сареътарин онҳоро дар ҳолати сар задани ҳодиса боло мебарад.
“Мақсад афзоиши нирӯ ё иловаи нирӯи бештар нест, ҳадаф боло бурдани сатҳи омодагии нирӯҳои мавҷуда аст”, гуфт Столтенберг. Ӯ гуфт, ки “фазои амниятӣ ғайри қобили пешбинӣ шудааст ва мо бояд барои ҳама ҳолат омода бошем”.
Ӯ инчунин гуфт, ки НАТО сохтори фармондеҳии худро нав мекунад ва фармондеҳии дарёӣ дар ИМА ва фармондеҳии марбут ба таъминот дар Олмон ҷойгир хоҳад шуд.