OCCRP: Пул аз роҳи издивоҷ дар Тоҷикистон

Як гурӯҳи журналистони таҳқиқотӣ бо нашри гузорише иддао кардаанд, ки як ширкати мутаалиқ ба Шамсулло Соҳибов домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои мусоидат ҷиҳати гирифтани як иҷозанома барои истихроҷи тилло дар Тоҷикистон 2 миллиону 800 ҳазор доллар “ҳақ” гирифтааст.

Дар гузориши иддао мешавад, ки ин пулро ширкати “Анбат-Сервис”, ки гӯё ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад, барои мусоидат ба гирифтани иҷозаномаи истихроҷи кони Покрут аз ширкати Крайсо Ресурсес ба даст овардааст. Санади муомилаи байни ду тарафро дар гузориш нишон надодаанд.

Истеҳсоли тилло аз кони “Покрут” моҳи июни соли 2016 шурӯъ шуд. Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмонова духтари саввуми раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва аз моликони “Фароз” ҳисоб меравад. Ба қавли муаллифони гузориш, “Фароз” ба дархостҳои онҳо барои шарҳи масъала посух надодааст. Радиои Озодӣ ҳам ба ширкати "Фароз" дархости катбӣ фиристод ва мунтазири посух аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Фароз"-ро ба фасодкорӣ муттаҳам мекунанд

Гузориши Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) ин ҷо қобили дарёфт аст:

https://www.occrp.org/ru/moneybymarriage/

https://www.occrp.org/en/moneybymarriage/