Дар Бишкек зидди арусрабоӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд

Дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 5 июн донишҷӯён зидди рабудани духтарон бо ҳадафи издивоҷ раҳпаймоӣ карданд.

Ширкатдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои манъи хушунат нисбати духтарон ба майдон баромаданд. Гуфта мешавад, дар ин роҳпаймоӣ то 2 ҳазор одам ширкат кардааст.

Донишҷӯён аз вилоятҳои Қирғизистон даъват карданд, ки чунин раҳпаймоиҳоро дар минтақаҳо доир кунанд.

Дар бинои идораи пулис дар ноҳияи Жайили вилояти Чуйи он кишвар рӯзи 27 май Бурулай Турдаалӣ қизии 20-сола кушта шуд. Ӯро бо ҳадафи издивоҷ рабуда буданд. Марде, ки ӯро рабуда буд, дар идораи пулис Бурулайро бо зарби корд кушт. Марди муттаҳам боздошт шуд.

Бо айби беэътиноӣ 23 корманди пулис муҷозот шуда, парвандаи ҷиноӣ низ боз гардидааст.