Раёсати муҳоҷират ва бақайдгирии шаҳрвандии сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои маҳаллӣ рӯзи якшанберо ҳам ба рӯзи корӣ табдил доданд.
Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ба он далел рӯзҳои якшанберо корӣ эълон карданд, ки сар аз 1 июл шиносномаҳои бидуни иттилои биометрӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд ва шаҳрвандоне, ки шиносномаҳояшонро иваз намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Ба иттилои мақомоти Тошканд, дар моҳи майи соли ҷорӣ дар пойтахти Ӯзбекистон бештар аз 1,78 миллион шиносномаи биометрӣ ба шаҳрвандон дода шудааст. Гуфта мешавад, тақрибан 10 дарсади сокинони Тошканд ҳанӯз шиносномаҳояшонро иваз накардаанд.
Дар Ӯзбекистон шиносномаҳои биометрӣ дар моҳи январи соли 2011 ҷорӣ шуд. Дар ибтидо мебоист шаҳрвандон то охири соли 2015 ҳуҷҷатҳояшонро иваз мекарданд. Вале баъдтар ҳукумати он кишвар муҳлати гузаштан ба шиносномаҳои биометриро 1 июли соли 2018 эълон кард.