Исҳоқов ва Қулматов боздошт шуданд. ВИДЕО

Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов

Сафар Исҳоқов – нахуствазири собиқи Қирғизистон – дар доираи тафтиши фасод дар навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек дастгир шуд. Додгоҳе дар пойтахти Қирғизистон рӯзи 5-уми июн қарор кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ мемонад.

Дар ҳамин рӯз шаҳрдори собиқи Бишкек ва раҳбари пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Кубаничбек Қулматов низ боздошт шуд.

Сафар Исҳоқов рӯзи панҷуми июн боздошташро «комилан беадолатӣ» номид. Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов аз одамони наздик ба президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дониста мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафар Исҳоқов - сарвазири собиқи Қирғизистон боздошт шуд

Пештар аз ин, нисбат ба Сафар Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек айб эълон шуда буд. Исҳоқовро айбдор карданд, ки вай "замони сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент буданаш манфиатҳои ширкати хориҷиро бароварда кардааст".

Исҳоқов гуфта буд, айбҳои эълоншуда "бетартибии комил" аст. Баъди бозпурсии шашсоата вай ба рӯзноманигорон гуфт, натавонист комилан бо айбнома шинос шавад.

Шаҳрдори пешини Бишкек Кубаничбек Қулматов дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, "ин суд набуд, балки мазҳака буд". Нисбат ба ӯ 18 май бо моддаи "фасодкорӣ" айб эълон карданд. Манзилаш ҷустуҷӯ ва моликияташ ба ҳабс гирифта шуд.

Бино бар бовари тафтишот, Қулматов соли 2014 маблағи қарзиро дар ҳаҷми 2 миллион доллар, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА ҷудо шуда буд, ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Аммо Қулматов мегӯяд, бо айбҳои эълоншуда розӣ нест.