Филмсози украинӣ Олег Сентсов, ки аз ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 аз ҷониби Русия эътироз карда ҳоло дар зиндон гуруснагӣ эълон кардааст, ба гуфтаи вакилаш шояд ба таври маҷбурӣ ғизо дода шавад. Дмитрий Динзе, вакили дифои Сентсов гуфт, ки дар паи гуруснагӣ баъзе узвҳои бадани ӯ аз кор мемонад. Дмитрий Динзе рӯзи 4 июн дар зиндони минтақаи мухтори Ямало-Ненетск бо шахси мавриди ҳимояаш мулоқот кард. Сентсов бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳукми ӯро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳукми Сентсов мавриди интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, тахминан 50 нависандаву рассом ба унвонии президент Владимир Путин нома навишта озод шудани ӯро тақозо карданд.
Динзе гуфт, ки Сентсов ба бемористони наздиктарин барои ташхис интиқол дода шуд ва табибон гуфтанд, ки ҳолати ӯ “мӯътадил” аст. Вале ба гуфтаи вакилаш, коргардон 8 кг вазнашро аз даст дода узвҳои муҳими баданаш, аз ҷумла гурдаҳояш беморанд ва бад кор мекунанд. Вай гуфт, ки агар вазъаш хароб шудан гирад, ӯро маҷбуран хӯрок хоҳанд дод.
Сентсови 41-сола се ҳафта аст, ки гуруснанишинӣ мекунад ва талаби ӯ озод кардани 64 шаҳрванди Украина аз зиндонҳои Русия аст, ки парвандаашон сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Ӯ озод шудани худро тақозо намекунад. Охири ҳафтаи гузашта дар чандин нуқоти ҷаҳон ба пуштибонии Сентсов ва бо талаби озод шудани ӯ раҳпаймоиҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.
Сентсов моҳи маи соли 2014 бо иттиҳоми бомбгузорӣ дар нимҷазираи Қрим боздошт шуд. Додгоҳе дар Маскав ӯро августи ҳамон сол дар терроризм айбдор кард. Сентсов адолати додгоҳиро зери суол бурда гуфт, ки додгоҳи ишғолгарон аз оғоз наметавонад одилона бошад.