Қурби доллари амрикоӣ дар “бозори сиёҳ”-и Туркманистон ба сатҳи нави рекордӣ расид. Дар бозорҳои вилояти Дашоғузи ин кишвар рӯзи душанбе барои 1 доллар 29 манат пешниҳод мекарданд.
Як манбаи мо дар Дашоғуз гуфт, субҳи 4 июн қурби ғайрирасмии доллар барои як муддати кутоҳ поин рафт, ки ба гуфтаи ӯ, ин кори “ҳаннотон” буд.
“Дар Бойбозори Дашоғуз субҳ доллар арзон шуд. Вале зуд маълум гашт, ки ин бозии худи саррофон аст ва мехоҳанд, долларро арзон бихаранд. Фиребхӯрдаҳо баъдан талаб карданд, ки долларҳои онҳоро баргардонанд”, - афзуд манбаъ.
Хабарнигорони Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод низ иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои пойтахти Туркманистон 1 доллар аз 24,5 то 24,8 манат хариду фурӯш шуд.
Ба гуфтаи шореҳ аз Ишқобод Амонмурод Бугаев, бо оғози мавсими сафари донишҷӯёни туркман барои таҳсил ба хориҷ нархи доллари амрикоӣ дар ин кишвар боло меравад.
Бонки миллии Туркманистон ибтидои соли 2016 қурби расмии доллари амрикоиро 3,5 манат муайян карда, то ҳол онро тағйир надодааст.