Дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон корпартоии кормандони метро ҳаракати нақлиётро пурмушкил кард. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 4 июн эътирозгарон ба идомаи тазоҳурот омода шуда, истеъфои ҳукуматро тақозо мекунанд. Рӯзи душанбе ҳама истгоҳҳои метро баста буданд ва мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинон хостанд, ки ба истифодаи автобусҳо гузаранд.
Мири шаҳри Тифлис Каха Каладзе барои бебандуборӣ дар кори нақлиёт аз сокинони пойтахт узр хост ва гуфт, ки ният дорад бо онҳо мулоқот кунад. Талаби кормандони метро боло бурдани маош аст.
Эътирозгарон, ки мегӯянд, муҳокимаи додгоҳии гумонбарони қатли ду наврас ноодилона ҷараён гирифт, шоми 4 июн ҳам мехоҳанд эътирозҳоро давом диҳанд.

Заза Саралидзе
Додгоҳи шаҳри Тифлис ду мард – якеро барои сӯиқасд ба куштор ва дигареро барои куштор ба 10 ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Вале эътирозгарон, ки яке аз онҳо Заза Саралидзе, падари навраси кушташуда аст, мегӯянд, ки дар куштори моҳи декабри соли гузашта нафарони бештар даст доштанд. Онҳо мегӯянд, ки дигарҳо тавонистанд аз муҷозот халос шаванд, чунки хешовандонашон дар додситонии кулл кор мекунанд.
Эътирозгарон мегӯянд, ки фасодкориву эҳсоси бегуноҳии намояндагони элита боиси ноодилона ҷараён гирифтани додгоҳ ва ҳам содир шудани ҳукм шудааст.
Саралидзе дар баробари эътирозгарон рӯзи 3 июн гуфт: “Ман ба писари кушташудаам ваъда додам, ки ҳар як қотил муҷозот мешавад”. Вай гуфт, ки “низоми амалкунанда бояд бекор шавад”.
Қарор буд рӯзи 4 июн мулоқотти Саралидзе бо нахуствазири Гурҷистон Гиорги Квирикашвилӣ ҳам баргузор мешуд, вале маълум нест, ки ин музокирот барпо мешавад ё на. Квирикашвилӣ гуфт, ки омода аст бо эътирозгарон мулоқот кунад, вале ин мулоқот бояд, ба гуфтаи ӯ, “бидуни шахсиятҳои сиёсӣ барпо шавад”.
Дар изҳороти рӯзи 2 июни худ Саралидзе аз ҳама ҳизбҳои сиёсии Гурҷистон даъват кард, ки барои “бекор кардани низом” ба эътирозгарон ҳамроҳ шаванд. Ҳафтаи гузашта баъди шурӯи эътирозҳо додситони кулл Ираклӣ Шотадзе аз мақомаш канор рафт, вале эътирозгарон талаби бештар пеш гузоштанд.
Бисёриҳо дар Гурҷистон аз эътирозгарон ва Саралидзеи фарзандгумкарда пуштибонӣ карданд.