Зарари сел дар Хатлон беш аз 2 миллион доллар ҳисоб шуд

Зарари сел ба чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Панҷу Фархор, беш аз 19,5 миллион сомонӣ, баробар ба беш аз ду миллион доллар ҳисоб шудааст. Як масъули ҳукумати Хатлон – рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кумисюни махсус охири ҳафтаи гузашта ҳисоби зарари расидаро ба поён расонд. "Ҳоло мақомот аз пайи кумак ба осебдидаҳо ҳастанд", - афзуд ӯ.

Гузоришҳои бештар дар бораи харобкории сел дар инҷост:

"Наҷотбахш ҳам худамон, экскватор ҳам"

Селзадагони Сурхоб кӯмак мехоҳанд

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид

Боронгариҳои шадид ва сел дар ду ҳафтаи пеш дар Хатлон хонаи даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар замини кишти мардумро аз байн бурд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо ду нафар ҷон бохтаанд.

Гузориши видеоӣ аз Сурхоби Фархор:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мардуми мӯҳтоҷи Сурхоб дар интизори кӯмак

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода охири ҳафтаи гузашта дар як гузориши комил гуфт, сел дар ноҳияҳои Панҷу Фархор тақрибан 30 хонаро пурра вайрон карда, садҳо хонаву иншооти дигар ва заминҳои наздиҳавлигӣ, мактабу роҳҳои мошингард ва хатти интиқоли нирӯи барқро қисман хароб намудааст.

Кумитаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ гуфтанд, дар пайи боронгариҳои рӯзҳои 16-21-уми май дар ҷануби Тоҷикистон 9 русто ва ду ноҳия зиёни ҷиддӣ дидаанд. Ин ду созмон мегӯянд, дар офатҳои табии моҳи май ба камияш шаш нафар ҷон бохта, беш аз ҳазор хонавода зарари ҷиддӣ дидаанд.

Аксҳо аз харобкориҳои сел дар Хатлон:

40 акс аз вайронгариҳои сел дар Сурхобу Қизилсу