Аз оғози сол то кунун дар Қазоқистон 12 ҳолати марги одамон аз уфунати менингит сабт шудааст. Елжан Биртанов, вазири тандурустии он кишвар, рӯзи 4-уми июн гуфт, аксар ҳолатҳои марговар ба сари вақт муроҷиат накардан ба табибон рабт дорад.
Елжан Биртанов афзуд, сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ ҳанӯз ба "марҳилаи хатар" нарасидааст ва ӯ имкони доир кардани ваксинзании сартосариро рад кард.
"Ҳафтаи гузашта ҷаласаи Кумитаи миллии машваратии бемориҳои сироятӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа мутахассисон ба хулоса расиданд, ки ба ваксинзании умумӣ ҳоҷат нест", - афзуд вазир.
Ба гуфтаи Биртанов, дар ҳоли ҳозир 58 ҳолати гирифторӣ ба менингит сабт шудааст. "Аз ин ҳисоб 12 нафар фавтиданд. Аз шумори умумии гирифторшудагон 18 нафарашон кӯдакони то 14-сола ҳастанд. Аз шумори фавтидаҳо панҷ танашон то 4-сола ҳастанд", - гуфт вазир.