Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки таркиши маргталабе дар даромадгоҳи Шӯрои уламои ин кишвар дар Кобул, ҳафт нафар кушта ва нӯҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Ғаффор Азиз, раиси полиси ноҳия гуфт, ки маргталабе субҳи 4 июн инфиҷор кард ва ин лаҳзаҳое буд, ки ширкатдорони нишасти уламои Афғонистон аз ин макон берун меомаданд.
Дар ин ҳамоиш ҳудудан 2 ҳазор рӯҳониён, донишмандон ва дигар мақомоти динӣ аз саросари Афғонистон барои баррасии масоили мисли фатво гирди ҳам омада буданд. Ҳамин шӯро дафъатан таркиши маргталабонаро бар асоси қавонини Ислом “ҳаром” номида маҳкум кард. Шӯрои уламо аз ҳукумат ва ҷангҷӯёни Толибон тақозо кардааст, ки ба хотири сулҳу субот дар Афғонистон созиш кунанд.
Дар моҳҳои ахир дар пайи ҳамлаҳои ҷангҷӯён дар Афғонистон, бо вуҷуди моҳи Рамазон, даҳҳо нафар, аз ҷумла афроди мулкӣ ва ҳам намояндагони давлат ва низомиён кушта шуданд. Баъди соли 2014, ки аксар нирӯҳои НАТО тарки Афғонистон карданд, артиши Афғонистон талош дорад бо нирӯи худ зидди ҷангҷӯён мубориза барад.