Оташсӯзӣ дар яке аз бозорҳои бузурги Душанбе

Аксро аз маҳалли ҳодиса хабарнигори Радиои Озодӣ фиристод.

Яке аз бозорҳои азим дар пойтахти Тоҷикистон шаби 2-уми июн оташ гирифт ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ ба оташнишонҳо муяссар нашудааст, бо гузашти тақрибан як соат онро хомӯш кунанд.

Дар бозори Султони Кабир, ки дар яке аз гӯшаҳои пойтахт ҷойгир аст, ҳоло тақрибан 30 мошини оташнишонӣ ба фурӯ нишондани алангаҳои оташ машғуланд.

Оташсӯзӣ дар бинои 6 табақаӣ сар задааст ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ азбаски онҷо мебел ва ё ҷиҳози чӯбин зиёд аст, оташ баланд шудааст ва кори оташнишонҳоро мушкил месозад. Дар ин бино ҳамчунин як филиали Амонатбонк низ ҷойгир шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки кормандони милиса атрофи бозорро иҳота кардаанд, то аз ғорат шудани амволи тоҷирон пешгирӣ кунанд. Гузорише дар бораи осеб дидани касе нарасидааст.

Садҳо нафар дар наздикии маҳалли ҳодиса ҷамъ омадаанд ва оташсӯзиро тамошо мекунанд. Мақомоти интизомӣ ба мардум иҷоза намедиҳанд, ки ба бозор наздик шаванд, роҳҳоеро, ки ба самти бозор мераванд, бастаанд.

Як нуқтаи ширкати мобилии Мегафон ҳам дар натиҷаи оташсӯзӣ аз байн рафтааст.Дар видеое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки аз табақаҳои поёнии бино дуди ғализе хориҷ мешавад.

Сабабҳои сӯхтор ҳоло маълум нест, аммо риоят нашудани қоидаҳои бехатарӣ, бахусус дар тобистони гарми Тоҷикистон аз омилҳои аслии оташ гирифтани бозорҳои кишвар аст.