Бабченко гуфт, то 96-солагӣ умр дида, дар гӯри Путин мерақсад

Шоми 30 май Бабченко бо президент Порошенко ҳам мулоқот кард

Журналисти дигарандеши рус дар посух ба мунаққидони хабари куштори сохтакоришудааш дар Украина ваъда дод, ки умри дароз дида, дар гӯри президент Владимир Путин рақс хоҳад кард. Дар як навиштааш дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 30 май Аркадий Бабченко ваъда дод, ки “то 96-солагӣ умр дида дар сари қабри Путин ҳатман рақс ҳам хоҳад кард”.

Вай ин паёми худро ба онҳое ирсол кард, ки ба гуфтааш, “аз ахлоқ сӯҳбат карда”, аз хабари, ба гуфтааш, “нороҳаткунандаи намурдани ӯ” нороҳат шудаанд. Рӯзи 30 май Хадамоти амнияти Украина як рӯз баъди нашри хабари кушта шудани журналисти мунаққиди Кремлин гуфт, ки Бабченко зинда аст.

Ин хадамот дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев гуфт, ки нақшаи сӯиқасд ба ҷони Бабченкои 41-соларо фош кардааст. Вале ин амалиёти украиниҳо бо интиқоди шадиди созмонҳои журналистӣ, хабарнигорон ва онҳое рӯбарӯ шуд, ки гуфтанд, чунин ташкил кардани кор эътимод ба журналистон ва ҳам мақомоти украиниро ба ҳам мезанад.