Нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон назорат бар маркази вусулволии Дашти Қалъаи вилояти Тахорро, ки барои муддате таҳти контроли Толибон гузашт, дубора ба даст оварданд. Дар ин бора рӯзи 31 май сухангӯи волӣ Суннатулло Тимор ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “баъди 7 соати задухӯрдҳо ва муқовимат минтақа дубора ба дасти нирӯҳои ҳукуматӣ гузашт”. Ба иттилои мақомоти Афғонистон, дар паи ин рӯёрӯиҳо дасти кам чор узви нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам шуморе аз ҷангҷӯён кушта шуданд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон рӯзи 30 ва 31 май гуфтанд, ки дар натиҷаи ин задухӯрдҳо “кӯшиши убури марз” ба қайд гирифта нашудааст ва ҳам “марзи Тоҷикистону Афғонистон амн ва таҳти назорат қарор дорад”.
Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ Толибон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи худро аз сар гирифтанд.
Рӯзи 30 май дар вилояти шарқии Лугар ҳам дасти кам се афсари полис дар як таркиши маргталабе кушта шуданд. Ҳамла ба қароргоҳи полисро Толибон ба ӯҳда гирифтанд.
Баробар бо ин, рӯзи 30 май ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам гуфтанд, ки ҳамла ба сохтмони вазорати умури дохилии Афғонистон кори дасти онҳо буд. Дар ин ҳодиса як афсари полис ва ҳашт ҳамлагар кушта шуданд.