Масоили "ҳассос"-и Тоҷикистон дар гузориши нави Амрико

Департаменти давлатии Амрико дар "Гузориши байналмилалӣ оид ба озодии дин дар соли 2017" Тоҷикистонро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" шомил кардааст. Ин кишвар мегӯяд, соли 2017 мақомот дар Тоҷикистон беш аз 220 нафарро бо иттиҳоми марбут ба экстремизм боздошт карданд, ки аксари онҳо ба пайравӣ аз ақидаҳои созмонҳои мамнӯи “Салафия” ва “Давлати исломӣ” гумонбар мешаванд.

  • 13 нафаре, ки дар шаш моҳи аввали соли 2017 бо ихтиёри худ аз қаламравҳои зери назари ДИИШ баргаштаанд, мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Гузориш рӯзи 29-уми май дар Вазорати умури хориҷии Амрико муаррифӣ шуд

"Назорати комил аз болои фаъолияти мусалмонон"

Гузориш бо такя ба созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон навиштааст, бо баҳонаҳои фаннӣ ваё маъмурӣ мақомот сабтиноми созмонҳои мазҳабиро рад мекунанд. Созмони “Шоҳидони Яҳво” бо ҷурми фаъолиятҳои тундгароёна мамнӯъ боқӣ монда, ягонаи канисаи яҳудиҳо то ҳол сабтином нашудааст.

Масҷидҳои пайравони ҳанафия муваззафанд, ки бо дастури Шӯрои уламо амал кунанд. Муаллифон мегӯянд, фаъолони ҳуқуқи башар бори дигар гуфтанд, ки мақомот дар фикри "ҷорӣ кардани назорати комил аз болои фаъолияти мусалмонон" дар ин кишвар мебошанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар тамоми масҷидҳои Душанбе дурбинҳои назоратӣ гузошта, мақомот фаъолияти намозгоҳҳои ба истилоҳ ғайриқонуниро шадидан назорат мекунанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ба муаллифони гузориши Департаменти давлатӣ гуфтаанд, ки мақомот занҳоро барои пӯшидани ҳиҷоб ва мардонро барои доштани риш азият мекунанд. Инчунин, ҳар сари чанд вақт фурӯшгоҳҳоеро, ки бо тиҷорати либос машғуланд, аз назари пешниҳоди либоси “бегона” назорат менамоянд.

Сохтмони бузургтарин масҷид дар Душанбе идома дорад

Мафҳуми экстремизм чист?

Гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки мақомоти ҳукуматӣ чораҳои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба ончи онҳо ҳамчун “созмонҳои экстремистӣ” арзёбӣ мекунанд, идома медиҳанд. Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар шаҳри мафҳуми экстремизм гуфтааст, "ин мафҳум ба маънои таблиғи сарнагун кардани ҳукумат ваё эҷоди хушунатҳои мазҳабӣ" фаҳмида мешавад.

Соли 2017 дар Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор масҷид ба муассисаҳои ҷамъиятӣ табдил дода шуданд ва танҳо 3900 муассиса ба ҳайси масҷид ваё муассисаи расмӣ сабтином шудаанд. Моҳи августи соли 2017 Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе рейди фаҳмондадиҳӣ бо занҳоро анҷом дода, аз миёни 8 ҳазор бонувон тавонистааст, 90 дарсади онҳоро ба тарки либоси мазҳабӣ водор кунад.

Мубориза бо либоси "бегона"

Мавзӯи либоспӯшии занони тоҷик, фирор аз либоси сиёҳу "бегона", муаррифии намунаҳои либоси занона барои тоҷикистониҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг аз масоиле будааст, ки ба қавли муаллифони гузориш, тамоми сол дар сатҳҳои гуногун матраҳ шудааст. Рӯзи 6-уми сентябри соли гузашта бо ташаббуси Кумитаи занон ба корбарони телефонҳои мобил СМС-и маҳкумкунандаи пӯшидани либоси “бегона” ҳам ирсол шуд. “Ба даъвати дасткашӣ аз “либоси бегона” вазири беҳдошт Насим Салимзода ҳам ҳамроҳ шуд ва ҳамаи кормандони бахши тибро аз пӯшидани либоси хусусияти мазҳабидошта ҳушдор дод”, - омадааст дар гузориши озодиҳои мазҳабии ИМА.

Ҳукми пизишки ҷарроҳ

Гузориши мазкур аз ҳодисаҳои боздошту маҳкумияти чанд гумонбар дар фаъолиятҳои ғайриқонунии динӣ ҳам ёдовар шудааст. Аз ҷумла, қазияи Абдумалик Саломов, пизишки ҷарроҳ аз Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли 2017 дар узвият ба “Салафия” гунаҳкор ва ба муҳлати 5,5 соли зиндон маҳкум шуд. Саломов ва наздиконаш таъкид мекунанд, ки ин табиби номӣ гуноҳ надорад ва ҳузураш дар маҳфили “ош” боис ба гумонҳои бади мақомот шудааст.

Даннил Исломов, як сокини Душанбе, барои сарпечиаш аз савгандёдкунӣ ва пӯшидани либоси низомиву ба даст гирифтани силоҳ дар артиш ба ним соли зиндон маҳкум шуд. Исломов гуфтааст, ӯ ба ҳайси як пайрави “Шоҳидони Яҳво” ба худ иҷозат намедиҳад, ки ин муқарраротро иҷро кунад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ӯро бетағйир гузошт.

Мавзӯи динӣ мушкил, ё ҳуқуқи инсон?

Гузориши Департаменти давлатии Амрико ҳокист, ки бисёр шахсиятҳои машғул дар корҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аз баррасии мавзуъҳои марбут ба эҳтиром ба гуногунии динӣ ваё табъизи мазҳабӣ майл надоранд. Намояндагони созмонҳои маданӣ гуфтаанд, ки мавзӯи динро дар маҷмӯъ баррасӣ карда, ба умқи мавзӯъ намераванд. Онҳо гуфтаанд, ки баррасии мавзӯи ҳуқуқи инсон назар ба ихтилофҳои мазҳабӣ осонтар даст медиҳад.

Дар поёни гузориш таъкид шудааст, сафорати Амрико ва мақомоти амрикоие, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, дар мулоқот бо мақомоти тоҷик пайваста ёдрас мешаванд, ки Душанбе дар амри риояи ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон бояд ба масъулиятҳои байналмилалии худ пойбанд бошад. Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки дар ин кишвар Конститутсия озодиҳои диниро кафолат дода, ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон риоя мешавад.

Муаллифони "Гузориши байналмилалӣ оид ба озодии дин дар соли 2017" мегӯянд, дар таҳияи ин гузориш кормандони Департменти давлатии Амрико, сафоратхонаҳои Амрико, созмонҳои маданӣ ва дигар мутахассисон иштирок карда, дар ҷараёни кор маводи нашршуда дар матбуот ҳам мавриди истифода қарор гирифтааст.