Мақомоти Амрико рӯзи 29 май гуфтанд, ки бо вуҷуди маҳкумиятҳои афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар Мянмар поккориҳои қавмии мусалмонони роҳинҷа хотима намеёбад. Моҳи ноябр ИМА гуфт,ки хушунат алайҳи мардуми роҳинҷа дар аёлати Рахини Мянмарро давлат созмон додааст ва нисбати ин ҳукумат таҳрим ҷорӣ кард.
Дипломати амрикоӣ ва фиристода оид ба масоили озодиҳои динӣ Сем Браунбек гуфт, ки хушунатҳо идома доранд. Зимни муаррифии гузориши Департаменти давлатӣ оид ба вазъи озодиҳои динӣ дар саросари ҷаҳон дар соли 2017, ӯ гуфт: “Фикр накунам, ки дар ин кишвар мо кадом пешравие дида бошем”. Ба иттилои ӯ, тахминан 680 ҳазор нафар аз тарси хушунатҳо аз Мянмар ба Бангладеш фирор карданд.
Дар баробари ин мавзӯъ, дар гузориш нигарониҳои дигари ИМА дар бахши озодиҳои мазҳабӣ дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам зикр шудааст. Дар миёни онҳо:
- Дар зиндонҳои Кореяи Шимолӣ аз 80 ҳазор то 120 ҳазор зиндонии сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки бахше аз онҳо ба хотири эътиқоди динӣ муҷозот шудаанд. Гузориш мегӯяд, ин мардум дар шароити даҳшатнок нигаҳорӣ мешаванд.
- Садҳо ҳазор уйғурҳои мусалмон дар Чин ба таври иҷборӣ ба марказҳои таълимоти дубора фиристода шуданд.
- Дар Арабистони Саудӣ ҳамоно иҷрои рукнҳои динии ғайриисломӣ мамнӯъ аст, шиаён таҳти фишору табъиз қарор доранд.
- Соли 2017 тахминан 50 нафар дар Покистон бо иттиҳоми бидъат ба зиндон рафта, ҳадди аққал 17 нафар ба ҳукми марг маҳкум шуданд.
Сем Браунбек зимни муаррифии гузориш дар бораи Тоҷикистон гуфт:
“Тоҷикистон ҳамоно аққалиятҳоро намегузорад, ки дар фаъолиятҳои мазҳабӣ ширкат кунанд”.
Дар маросими муаррифии гузориш Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ҳам ширкат кард ва гуфт, масоили озодиҳои динӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошта бошад.