Куштори масъули интихобот ва полис дар Афғонистон

23 апрел. Ходими полис идораи интихоботиро назорат мекунад

Мусаллаҳони ношиносе дар вилояти ғарбии Ҳироти Афғонистон як корманди маркази интихоботӣ ва ҳам ходими полисро ба қатл расонд. Сухангӯи полиси вилоят гуфт, ки ҳамла шоми 27 май дар вулусволии Чишти Шариф рух дод. Сухангӯ гуфт, ки ин ду масъул аз хонаашон берун бароварда ва кушта шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Куштор дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба ошӯбҳои баҳории худ идома медиҳанд. Моҳи октябри соли ҷорӣ дар Афғонистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар Кобул апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи таркиши маргталабе 60 нафар кушта шуд ва масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.