Президентони Русия, Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба Чин мераванд.
Вазири умури хориҷии Чин Ван И рӯзи 28-уми май дар як нишасти матбуотии вижа дар Пекин гуфт, сафари раҳбарони ин чаҳор давлат аз рӯзи 6 то 10-уми июн дар назар аст. Дар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфта мешавад, ки сафари президентон бо даъвати раиси ҷумҳурии Чин Сӣ Ҷинпин сурат мегирад.
Ҳанӯз мақомоти тоҷик дар бораи сафари эҳтимолии президенти Тоҷикистон ба ҷаласаи СҲШ иттилое нашр накардаанд. Як мақом дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷаласаҳои сарони кишварҳои созмон иштирок мекунад ва аз ин рӯ, эҳтимол нақшаҳои сафари ӯ дар рӯзҳои наздик пахш шавад.
Ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзҳои 9 ва 10 июн дар шаҳри Куиндао (вилояти Шандонг) барпо мешавад, ки дар шарқи Чин ҷойгир аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Расонаҳои русӣ мегӯянд, дар ҷараёни нишасти президентони узви СҲШ тахминан даҳ санад ба имзо меравад, ки аксари онҳо марбут ба ҳамкориҳо дар солҳои наздик, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши амният мебошад.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 бо иштироки шаш давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд. Соли 2017 Ҳинду Покистон ҳам ба узвияти он пазируфта шуданд. Чор давлати дигар – Эрон, Афғонистон, Беларус ва Муғулистон дар мақоми кишварҳои нозир мебошанд.