Як сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) рӯзи 14-уми майи имсол чаҳор тифл ба дунё овардааст. Дар ҳоли ҳозир Зарина Неъматоваи 22-сола дар таваллудхонаи рақами яки шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо чаҳор тифлаш – се духтар ва як писар – бистарӣ мебошад.
Зарина ва шавҳараш Фаррух Субҳонқулов донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳастанд. Ҳардуи онҳо сокинони шаҳри Бохтар буда, соли 2017 издивоҷ кардаанд.
Зарина Неъматова рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар семоҳаи аввали бордорӣ медонист, ки дар батнаш чаҳор тифл дорад. Ин модари ҷавон гуфт, манзили зисти алоҳида надоранд ва дар хонаи хушдоманаш дар оилаи бузург зиндагӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми май эълон карданд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.
Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.