Вазорати дифоъ: 4 сарбози Русия дар шарқи Сурия кушта шуд

Вазорати дифои Русия гуфт, ки чаҳор сарбози ин кишвар аз тарафи ҷангҷӯён дар Дейр-аз-Зор, шарқи Сурия кушта шудаанд. Вазорат рӯзи 27-уми май дар ин бора бо нашри баёнияи расмӣ хабар дод.

Дар баёния гуфта шудааст, дар ҷараёни ҳамлаи шабонаи гуруҳи террористҳо ба пойгоҳи нирӯҳои ҳукуматии Сурия панҷ сарбози дигари рус ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, дар ин даргирӣ беш аз чиҳил ситезаҷӯ кушта шуд.

Русия се сол боз дар ҷанги дохилии Сурия даргир мебошад ва бо мудохилаи худ ба идомаи ҳаёти ҳукумати Башор Асад кумак кардааст.

Дар маҷмуъ, дар ҷанги дохилии ҳафтсола дар Сурия садҳо нафар кушта ва миллионҳо тани дигар аз хонаву кошонаи худ овора шуданд.