Як духтари 16-солаи тоҷик, ки дар ятимхонае дар Бағдод нигаҳдорӣ мешуд, духтар таваллуд кардааст. Оишаи ноболиғро падараш дар 15-солагӣ ба кадом як узви ДОИШ ба занӣ додааст.
Оиша, аз ҷумлаи кӯдаконест, ки пас аз озодии Мавсил аз дасти гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ бо ду додару як хоҳараш ба дасти нерӯҳои ҳукумати Ироқ афтод. Онҳоро дар ятимхонае дар Бағдод нигаҳ медоштанд.
Бародару хоҳаронашро моҳи апрел бо мусоидати вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Душанбе оварданд, вале ба худи ӯ ба сабаби обистан буданаш иҷозаи парвоз надоданд.
Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Оиша рӯзи 25-уми май аз таваллудхонае дар Бағдод ҷавоб шуд ва бо духтари навзодаш ба ятимхона баргашт. Мақомот мегӯянд, бар асоси тавофуқ бо Ироқ модари ноболиғро бо фарзандаш пас аз 40 рӯз ба Тоҷикистон бармегардонанд.
«Саломатии модару кӯдак хуб аст ва онҳо таҳти муроқибати кормандони Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) ва маъмурияти ятимхона мебошанд. Чун фарзанди Оишаро бо ҷарроҳӣ гирифтанд, барои барқарории сиҳатиаш фурсат лозим аст” - гуфт ин манбаъ.
Охири моҳи апрел ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ чаҳор кӯдакро аз Ироқ ба ватан баргардонд. Мақомот мегӯянд, падару модари Оиша дар Ироқ бенишон шудаанд ва ҳеҷ маълумоте дар бораи онҳо мавҷуд нест.
Ба гуфтаи мақомот Оиша, духтари Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе ҳаст, ки се сол пеш бо ҳамсараш аз Русия ба Ироқ рафтаанд.