Bellingcat исми афсари руси масъули суқути ҳавопаймои Малайзияро нашр кард

акс аз гузориши Bellingcat

Bellingcat, як тими муҳаққиқони бритониёӣ исми як афсари русро нашр кард, ки дар суқут додани ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина дар соли 2014 ширкат кардааст. Ин гурӯҳи муҳаққиқон гуфтанд, ки Олег Иванникови 50-сола, афсари ситоди кулли вазорати дифои Русия метавонист дар ин амалиёт ширкат кунад. Bellingcat гуфт, ки Иванников таҳти як “рисолати пинҳонии истиқрори нирӯ” дар амалиёти низомии Украина ширкат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷа Ҳолланд Стеф Блок гуфт, ки Ҳолланд ва Австралия ният доранд Русияро расман масъули суқут додани ҳавопаймои Малайзия эълон кунанд. Блок рӯзи 25 май дар як изҳороте гуфт, ки бар пояи таҳқиқи ахири байналмилалии ин ҳодиса роҳҳои қонунии эълони иттиҳом алайҳи Русияро матраҳ кардааст. Дирӯз гурӯҳи муҳаққиқони байналмилалӣ дар Ҳолланд бар асоси таҳқиқи худ гуфтанд, ки сабаби суқути ҳавопаймо бо 298 сарнишинаш рӯзи 17 июли соли 2014 партоби мушаки навъи “Бук” буд. Ба гуфтаи ин мутахассисон, мушакро Бригадаи 53-юми зиддиҳавоии Русия аз вилояти Донетски Украина партоб кардааст. Русия ин иттиҳомот рад мекунад. Ғарб Русияро дар кӯмакҳои иқтисодиву низомӣ ва сиёсӣ ба ҷудоиталабони украинӣ айбдор медонад.