Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев гуфт, ки бадшавии вазъи Афғонистон ба амнияти марзҳои кишварҳои узви СПАД таҳдид мекунад. Зимни суханрониаш дар ҷаласаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Остона, Патрушев гуфт, ки фаъолияти созмонҳои террористӣ дар марзҳои кишварҳои узви ин созмон бештар мешавад. “Шумори умумии ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон тахминан 15-20 нафарро ташкил медиҳад ва дар марзҳои Тоҷикистон тахминан 7 ҳазор нафари онҳо тамаркуз кардаанд”, гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби бештар фаъол шудани фиристодаҳои созмони террористии “Давлати исломӣ”, гурӯҳи ифротгарои “Толибон” ва дигар ташкилот вазъи амниятӣ дар Афғонистон бад мешавад. Вай гуфт, ки таҳдид ба марзҳои кишварҳои СПАД афзоиш меёбад. “Хатари ба қаламрави Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон убур кардани созмонҳои террористӣ ҳам бештар мешавад. Эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои ҷангҷӯён, таъмини силоҳ ва фаъолшавии ҷалби ҷавонон ба сафи ифротгароҳо вуҷуд дорад”, гуфтааст Патрушев.
Вай гуфт, ки Русия ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СПАД дар амри ҷилавгирӣ аз терроризм мубошад.